Мониторинги (арзёбии) салоњиятњои таълимї- фаннии хонандагони муассисањои тањсилоти ибтидої (СТФ – салоњиятњои таълимии фаннї) њамчун коркарди ягонаи Россия дар сатњи намояндагони барљастаи ассостсиатсияњои байналхалќї ва муњити экспертњои шинохтаи љањонї оид ба арзёбии сифати тањсилот хуб пазируфта шуда, сазовори бањои баланд ва воќеан арзишманд гардид. Аз лањзаи оѓоз ва дар тамоми давра, лоињаи рушди мониторинги (арзёбї) СТФ иштироки шўрои экспертиро пешбинї намудаст, ки ба њайати он В. А. Болотов, ноиб президанти АРТ (Академияи тањсилоти Россия (айни њол роњбари илмии Маркази арзёбии сифати тањсилоти Муассисаи Олии Иќтисодї), Г С. Ковалёва роњбари Маркази бањодињї ба сифати тањсилот, Энтони Орджи раиси шурои Кембиридж, эксперт оид ба бањодињї ба сифати тањсилот, Хенк Молендекс, директори байналхалќии депортаменти донишгоњи Њоландия рољеъ ба коркарди тестњо СIТО, Уильям Бойл, профессори Донишгоњи Манчестер, инчунин ёварњои (консультант) пешбар оид ба тањсилоти Бонки Умумиљањонии рушд ва тараќќиёт шомил гардидаанд. Шуро чандин маротиба дар давоми сол гирд омада экспертизаи раванди коркард ва эътиборнокии мониторингро гузаронид. Дар асоси пешнињодоти шуро наќшаи коркарди мониторинг ба таѓйиротњои муайян дучор мегардид.
Баъди гузаронидани тањќиќот оид ба эътиборнокии аз тарафи Шўрои Экспертї ќарор рољъ ба зарурати гузаронидани экспертизаи мустаќили байналхалќии ченак (инструмент) ќабул карда шуд. Натиљаи экспертизаи байналхалќї ба тањиягарони он моњи ноябри соли 2013 дастрас карда шуд. Ба њайати муќарризон дохил шуданд:
- Горвард Эверсон (профессор психологи Маркази омўзиши тањсилот дар Донишгоњи Нью -Йорк).
- Кленси Блэергер (профессор психологияи амалї (прикладной) мактаби санъат, тањсилот ва рушди инсони Штайнхрди Донишгоњи Нью- Йорк).
- Доктор Бас Хемкер (муњаќќиќи калони илмии Донишгоњи Миллии тестикунонии Њоланд).
Экспертњо њуљљатњои зерини ба забони англисї пешнињодшударо мавриди омўзиш ќарор доданд:
- Роњбарии техникии озмойиш (ченак) (Techicalmanral)
- Дастури истифодабарандаи тест (Usersguide)
- Махсусгардонии саводнокии математикии тест (Testspecificaton)
- Намуди саводнокии математикии тест (Mathtestitems)
- Њисобот оид ба тањќиќоти эътиборнокии озмоиш (ченак) (Validitystudy)
Хулосаи умумии таќриз оид ба лоињаи мазкур муќаррар мекунад, ки рањёфт ва коркарди он дар доираи ченакњои (инструментарий) СТФ аз љониби муаллифон ќабулгардида, ба таври мусбї аз љониби экспертњои сатњи байналхалќї љонибдорї меёбад. Тамоми экспертњо њаљми аксарияти тањќиќоти гузаронидашуда ва зарурати идома додани онњоро дар доираи татбиќи амалии СТФ барои њар чи бештар гирд овардани нишондодњои гуногун оид ба ченакњои (инструменти) номбурда зарур мешуморанд. Экспертњо ќайд намуданд, ки дараљаи тањќиќоти гузаронидашуда дар доираи коркарди ченакњо (инструмент) нашри натиљаи маводи бадастомадаро пешбинї менамоянд, ба он тарзе ки он дар таљрибаи байналхалќї амалї мегардад. Њамзамон ин њам ба нашри маќолањои илмї бо назардошти натиљаи тањќиќот (аз љумла, тањлили дубораи натиљањо, чи тавре ки он дар тањќиќоти муќоисавии байналхалќї ќабул шудааст), њам ба нашри маводи рањнамо – TechnicalManual ва ѓайра тааллуќ дорад.
Муњаќиќон муњимияти тањќиќотро, ки бузурггардонии таљњизотро пешбинї менамояд, ќайд намуданд. Бо сабаби њамаи озмоишоти СТФ дар сатњи музофот гузаронидан, муњаќќиќон оид ба имконияти хулосабарории натиљањои (масалан, таќсимоти кудакон ба зинањо) он дар сатњи миллї саволњо пешнињод намуданд. Муаллифин чунин мењисобанд, ки интихоби минтаќањо њанўз маљмўи хатмкунандагони муассисањои тањсилоти ибтидоии Россияро муаррифї намекунанд. Вобаста ба ин гузаронидани тањќиќот бо нишондоди муќоисавии он дар сатњи миллии интихоб (ба монанди TIMSS ва PIRLS) ва ба даст овардани натиљаи воќеї дар сатњи мамлакат шавќовар арзёбї мегардад.
Дар маљмўъ муњаќќиќони байналхалќї тањќиќотњоро рољеъ ба рушди ченакњо (инструмент) ба таври мусбї арзёбї менамоянд ва ќайд мекунанд, ки нишондодњои омории тест, ки дар натиљаи интихоби беш аз 10000 тестшаванда ба даст омадааст, имкон медињад ба таври даќиќ оид ба сифати психометрикии тест фикрро баён кард. Аз љумла, Бас Хамнер, иброз мекунад,ки: «Агар таљњизоти (инструмент) СТФ-ро аз руйи системаи рейтинги њоландї бањогузорї намуд, мо мебоист ба эътиборнокии созандаи он барои натиљањои бадастоварда холи (бали) олї(good) медодем»
Дар давоми якчанд солњо (2011-2013) аз љониби муаллифони тест тањќќиќот рољъ ба муайян намудани валидности инструмента (таљњизот) СТФ гузаронида шуд. Эътиборнокии тести СТФ дар асоси системаи њоландї роњандозї гардид.Тањќиќот аз рўйи якчанд самт идома ёфтанд ва аз љумла эътиборнокии мазмун ва сохт.
Эътиборонкии он ду ќисматро ташкил медињад – асосноккунии хусусиятњои санљидашавандаи тестњо ва исботи онњо, яъне то кадом андоза тестњо бо фанни таълимї ва њадафњои тестгузаронї тавъам мебошанд. Дар модели СТФ созаи(сохти) асосї, ки бояд тафтиш шавад, табаќбандии сесатњаи азхудкунии мундариљаи таълимї ба њисоб меравад ва он дар контексти синнусолї дарљ гардидааст. Дар раванди тањќиќот масъалањои як блок, ки љавобгўи меъёрњои назариявии додашудаи сесатња мебошад, мушкилоти дахлдори низоми зинавии (ирархии) мувофиќи онро муайян месозад, яъне мантиќи функсионалии пайдошавиро дар мувофиќа бо таснифоти (табаќбандии) ќабулшуда инъикос месозад, ки аз манфиати эътиборнокї ва сохт шањодат медињад. Натиљаи тањќиќот инчунин имкон медињад, ки болоравии синнусолии азхудкунии мазмуни таълимї хуб мушоњида карда шавад. Дар охири тањсил дар муассисањои тањсилоти ибтидої (синфи 4) зинаи дуюми азхудкунии мундариљаи таълим аз љониби хонандагон афзалтарин (доминирующий) давра арзёбї мегардад. Аз синфи 8 сар карда (хатми зинаи асосї) сатњи 3-юм њалкунанда (доминирует) њисобида мешавад. Ин дастгирии модели назариявии СТФ – ро таъмин месозад, ки аз манфиати эътиборнокии ў шањодат медињад.
Методи асосии тањќиќоти эътиборнокии тест аз рўйи бањодињии тањлили мазмуни њар як супориш дар алоњидагї ва мазмуни тест дар маљмўъ аз љониби мутахассисон ба њисоб меравад, яъне баргузории экспертизаи беруна аз рўйи мазмуни тест. Тест аз фанни математика ќисмњои асосиро, ки дар барномањои таълими муассисањои тањсилоти ибтидої пешнињод шудаанд, фаро мегирад. Тест аз фанни забони русї аз ќисмњои асосии грамматикаи забони русї бо пешнињоди барномањои таълими муассисањои тањсилоти ибтидої иборат мебошанд. Коркард ва озмоиши супоришњои тестї инчунин гузаронидани консултация бо омўзгорони муассисањои тањсилоти ибтидої ва омўзгорони фаннї оид ба мазмуни тест пешбинї намудааст. Дар марњилаи хотимавї бањодињии экспертии мазмуни њарду тестњо аз љониби экспертњои берунаи омўзгорони фанњои таълимї гузаронида шуд.