SAM њамчун маводи таълимї бањри гузаронидани маниторинги сифати тањсилот дар раванди таълим барои тамоми системаи тањсилот: маќомоти роњбарикунанда, донишгоњњои такмили ихтисоси омўзгорон ва муассисањои пажўњишгоњро дар бар мегирад.
Тањияи SAM воќеъияти даркнамоиро ба миён оварда, истифодаи тестњо барои арзёбии натиљањои таълим хизмат менамоянд ва иттилооти муайянро аз натиљаи таълим нишон медињанд дар натиља раванди тањсилот самаранок идора карда шуда, такмилдињии онро таъмин менамояд.
Намунаи SAM дар асоси теорияи психологии Л. С. Виготский коркард шудааст.
Чуноне маълум аст, натиљаи асосии тестњои педагогиро љадвали ќиёсии метрї ташкил медињад, ки холњои гирифтаи хонандагон дар он љойгир шудаанд. Дар љадвали ќиёсї метавон маълумотро оид ба бомувафаќият њал намудани ин ё он масъалаи тести љойгир намуд. Њамаи ин имконият медињад, ки дастовардњои хонандагонро бо якдигар ќиёс намоем, ченакњои азхуднамоии унсурњои гуногуни бобњои барномаро муайян созем ва масъалањои педагогию идоранамої воќеъбинона амалї гарданд.
Муњим будани чунин ченакњо ва ќиёс намудани мувафаќиятњои мактабї ягон шаку шубња надорад. Вале ин далели равшан аст, ки омўзгорон метавонанд маводи таълимиро ба таври анъанавї ва босифат пешнињод намоянд. Зиёда аз ним аср мешавад, ки дар соњаи педагогика бањои сифатнок мондан ба натиљањои таълим коркард карда мешавад. Њамчун маќсади таксономии педагогї тањќиќ мешавад.
Намоёнтарин таксономияе, ки аввалин ва асосгузор шуморида мешавад дар ШМА бо роњбарии Бенджамин Блум соли 1957 ба нашр расид. Вале дар давоми ним аср таксономияњои дигар низ пешнињод шуданд. (наќшаи. 1.1). Айни замон дањњо чунин наќшањо ба чашм мерасанд, ки онњо ба якдигар дар бисёр ќисматњо монандї доранд.
Наќшаи 1.1
Б. Блум | В. Симонов | И. Лернер | TIMSS (Математика) |
Фарќ намудан | |||
Дониш | Хотира | Дониш | Донистани далел ва ќоидањо |
Фањмиш | Фањмиш | ||
Истифодабарї | Истифодабарї | Истифодабарї | |
Одитарин малака ва Мањорат | Њалли масъалањои стандартї | ||
Ташхис | |||
Синтез | Гузаронидан | Истифодабарии эљодї | Муњокимаронї |
Чунин суботкорї дар коркарди ин мавзуъ оид ба кушодани мантиќи дохилии раванди таълим мувофиќи хоњиши омўзгорон бояд сурат гирад. Охир њар як тамсилаи назариявии пешнињодгаштаи (консепсия) ин раванд, ки этапњои зарурии сатњи комёбшавиро дар бар мегирад тањия гаштааст. Чунин ќолиб омўзгорро ба фаъолият рањнамун сохта, натиљањои таълимро бо таксаномия ё љадвали ќиёси муайян менамояд. Кушишњои гуруњи мутахасисони Россия оид ба иљрои чунин фармоиши педагогї-иљтимої ба коркарди тестњои SAM оварда расонд.
Аввалин вазифаи њалталаб дар роњи тањияи тестњои ташхисї – муайян намудани модели раванди таълим мебошад. Дар лоињаи мазкур назарияи ташаккули мадании Л. С. Виготский дар доираи наќшаи азхуднамоии муњтавои таълим, ба эътибор гирифта шудааст, ки натиљааш минбаъд коркард мегардад.
Муњтавои мухтасари тамсилаи ќабулшуда чунин натиљањо медињад. Ташаккули маърифати муќарарии равонии кўдакро таъмин месозад. Намунаи пурраи маърифат (малака, дониш) моњиятан шакли аломатї дорад, ки якчан намуди фаъолиятро мутањид месозад. Барои мисол, дар китобњои математика намунаи маданї фаъолият дар шакли системаи фањмишњо, наќша, тасвири шакли аломарњои фањмиш ва наќшањо, намунањои масъала, ќонуну алгоритмњо ва њалли онњо нишон дода мешавад. Њангоми таълим њамаи ин аломатњо ба хонанда омўзонида мешавад. Дар якчанд дарс омўзгори фанни математика мефањмонад ва нишон медињад, ки амалњои математикї чи гуна њал карда мешаванд ва минбаъд бояд кўшиш намояд, ки хонанда масъалањоро муњокима намуда њалашонро ёбад.
Аммо, ба хонанда расонидани намунањои ташаккулёбии мадании Виготский дар ибтидои раванди таълим муњим мебошад. Зеро минбаъд хонандаро зарур аст, ки намунаи ин донишњоро азхуд намояд ва барои њалли масъалањо истифода барад. Таљриба нишон медињад, ки раванди азхуднамоии тарбияи маданї характери ботинї, тулонї ва худбахудрўйдињї дорад. Умуман, дониши хонанда давра ба давра зам гашта, ботадриљ амалњои бошууронааш равнаќ меёбад.
Бинобар ин Виготский раванди азхуднамоии њаракатњоро њамчун вазифаи ташаккулдињанда њисоб менамояд. Мувофиќи ин назария мавќеъи таълим дар он аст, ки заминаи аввалини ташаккулёбї гузошта шуда, шароити ташаккулёбии маданї ба миён меояд.
Виготский инчунин пешнињод намуд, ки њаракатњои асосї дар се сатњ амалї мегарданд. Пажўњишњои минбаъда собит сохтанд, ки ин сатњњо кадомњоянд ва барои чї онњо се то мебошанд. Ин љо ќадами аввалинро П. Я. Галперин гузошта нишон дод, ки сатњи аввал мувофиќи мазмуни аломат муайян карда мешавад. Аз худ намудани усул – ин худ намудани системаи мувофиќаткунандаи аломатњо мебошад. Минбаъд дар асоси пешнињоди Д. Б. Эльконина, В. В. Давыдова, А.В Запорожтса ва њамроњони онњо дар аломатгузорї тарзњои њаракат се равияро људо намуданд:
Расм 1.2 Модели биёфаридем аз эҷодиётатон маводи мавзӯъ
Равияи аломатњои нишондодашуда ба кўдак дар раванди таълим бо ташаккулёбии маданї якљоя дода мешавад. Дар давраи азхудкунии ин раванд вазифаи такягоњиро дар мадди аввал таснифоти беруна ба худ гирифта, баъд ба вай муносибати воќеъї пайваст шуда, дар охир тасавурот оид ба имкониятњои майдони мављудаи тарзњои њаракат бо сарњадњояш њамроњ мешавад. Ин се варианти нишондодашуда тамѓаи се намуди сифати азхуднамоии ташаккулёбии маданиро нишон медињанд, ки онњоро услубї, инъикосї ва функсионалї номидан мумкин аст.
Ќайд намудан ба маврид аст, ки њар як аломати нишондодашуда ба воситаи механизми психологии худ амалї гардада, мавќеи муайяни худро дорад. Аломати якум ба нишонаи алоќаи тафаккури ассотсиатсиянок такя менамояд. Бо мафњуми педагогї шарњ дињем, хонанда ин ќисматро мувофиќи њалли масъала ё алгоритмњои стандартї (намунањо) бояд дар хотир нигоњ дорад. Аломати дуюм ба сохти ќобиляти аќлї, ки воќеъияти аслии масъаларо дар бар мегирад, такя менамояд. Дар илми равоншиносї ин амалро бо истилоњи «гешталт» ифода менамоянд, омўзгорон бошанд мегуянд, ки бача ба умќи маќсад сарфањм рафта маќсади масъаларо фањмид. Дар охир аломати сеюм ба нишонаи љамъбасти таркибї, ки мо онро майдони функсионалї – маъної меномем, такя менамояд. Омўзгор гуфта метавонад, ки хонанда мавзўро ба пуррагї сарфањм рафта, онро амалї ва эљодкорона истифода бурда метавонад.
Њар як сатњ дорои нишондињандањои худ мебошад.
Расми 1.3
Натиљаи умумии ин сатњ амал намудан дар асоси тањлили њаматарафаи вазъияти масъала, њамчунин ба назар гирифтани муносибати воќеъие, ки шарти њалро муайян менамояд. Барои мисол, муайян намудани масъала бо хусусиятњои хоси вай, ки ба типи муайян дохил мешавад ва њал намудани он мувофиќи наќшањои меъёрї (стандартї) ё ќоидањои амалкунанда; ё худ њали пай дар пайии амалњо вобаста ба шароити њалли масъала анљом дода мешавад. Нишондињандаи азхуднамоии сатњи якумро њали масъалањо дар бар мегирад ки, тавсири он ба ягон сатњи муайяни њалли амалњои меъёрї (масъалањои стандартї), ё ин ки бевосита ба ягон наќшаи ќоидањои амалкунанда вобаста аст, мисол, шарти матнии масъала бояд ба ќоидаи њалли он мувофиќат намояд. Дар чунин масъалањо роњи њал тањлили махсусї шароитро талаб наменамояд. Њамин тариќ, дар сатњи мазкур доштани малакањои роњи њалли масъала ба воситаи тасвири њолати љойдошта ва мувофиќати кори пай дар пайиро талаб менамояд (расми 1.3).
Расми 1.4
Натиљаи умумии сатњи дуюм амал намудан дар асоси тањлили пурмуњтавои њолати масъала, яъне људо намудани муносибати воќеъие, ки тарзи њалро муайян месозад. Нишондињандаи азхуднамоии тарзи њалро дар сатњи дуюм њали масъалањое дар бар мегиранд ки, муайянкунии њалли онњоро на тариќи наќшањои тайёри (типї), гузаштан ба муносибати воќеъи (яъне мувофиќ ба талаботи фан).
Ин талаботро вазифањои зерин ќонеъ мегардонанд:
а) муайян намудани типи масъала мушкили пеш меорад;
б) барои истифодаи тарзи (типии) ташкили шароит зарур аст;
в) пешнињод дар шакли абстрактї, ки роњи њалро бо њаракатњои маълумотњои таќиќ рад менамояд;
г) пешнињоди наќшањои типии њаракат (њаракат аз натиља ба шароит) ва ѓ.
Њали чунин масъалањо на ба шароити мутаносиб ва наќшаи тайёри кор таъмин мегардад, балки бо мурољиат ба муносибату принсипи воќеъии амал ва асоси шарњи (фањмиш) њолат вобаста аст (расми.1.4.)
Гуфтан ба маврид аст, ки њали масъала мутаносибї ва мувофиќати ду наќшаро пешнињод менамояд: беруна (тасвири шароит ва наќшаи кори масъала) ва дохили (тасавурот оид ба муносибати воќеъи ва принсипи њали масъала). Ин љо «беруна» ва «дохили»-ро мантиќан бояд фањмид.
Расми 1.5.
Натиљаи умумии расидан ба ин сатњ амал намудан дар асоси тањлили наќшаи тарзи умумї, муайян намудани њудуд, дар њолати зарурї баромандан аз њудуди муайян (расми 1.5.).
Нишондињандаи захуднамоии ин сатњ:
– дигаргунсозї ва истифодабарии вариантњои амал;
– тањќиќи наќшањои додашуда (формулањо) њаракатњо барои интихоби адеквативи;
– мутобиќшавии худи формулаи њаракат ба асоси хусусиятњои объект;
Муайян намудани сарњадњои тарзи асосї ва љалби манбаъњои иловагї;
Усули асосии тањияи тестњои фаннї дар он аст, ки барои њар як боби таълимї блоки масъалањо иборат аз се сатњи мушкилот интихоб карда мешавад. Њар як чунин блок дар тестњо мавќеъи детекторро иљро менамояд, ки сатњи азхуднамоии боби омўхташударо муайян месозад (сатњи душвортарини масъалаи блок гирифта мешавад). Маљмуи блоки бобњои асосї барнома имконият медињанд, ки азхуднамоии барномаро аз тарафи хонандагон муайян намоем.
Блоки масъалањо аз математика ва забони русї:
Блоки масъалањо аз математика
Љавоб ________
Агар Ањмад мисолро дуруст руйнавис менамуд љавоб чанд мебаромад?
Љавоб ________
Љавоб ________
Эзоњ.
Њар се масъала ба боби «Раќамњо ва њисоб» дохил мешавад. Масъалаи аввал истифодаи ќоидаи ифодаро (алгоритм) талаб менамояд. Дуюмин тањлили хатои амали арифметики ва тартиби барномаро талаб менамояд. Масъалаи сеюм конуни «бохти» мавќеъиятро барои муайян намудани вазифањои мушаххас пешнињод менамояд.
Аз блокњои нишондодашуда, ки дар асоси муњтавои китоби дарсї варианти тестњо тартиб дода шудааст, ду самтро нишон медињад: аз яа тараф њамчун ченаки педагогї (маљмуи 45 масъала оид ба бобњои фан); аз тарафи дигар методикаи хурди ташхисї (15 блоки масъалањо). Дар мувофиќа ба ин тест метавонад аз системаи субтестњо иборат бошад, ки њар кадом вазифањои худро дар як сатњ аз бобњои гуногуни таълимї дошта бошанд.
Расми 1.6.