- Давраҳои тартиб додани тестҳо – Тайёр кардани лоиҳа аз рӯи бобҳои асосии фанҳои таълимӣбо рӯйхати дастовардҳои таълимӣбарои тартиб додани тестҳо.- Маҷмӯи воситаҳое, ки асоси азхудкунии маҳоратро дар ин боб ташкил медиҳад, нишон дода мешавад.- Барои ҳар як боби маҷмӯаи таълимӣ якчанд намуд масъалаҳо тайёр карда мешаванд, ки аз масъалаҳои дараҷаи якум, дуюм ва сеюм иборатанд.- Дар чорчӯбаи қисмҳо, масъалаҳо бояд дар шакли дақиқе тартиб дода шаванд, ки аз рӯи дараҷаи мушкилии ҳалашон фарқият дошта бошанд. Масъалаи дараҷаи якум ҳамеша осонтар, аммо сеюм баръакс, бояд мушкил бошад.
Бо туфайли чунин тартибдиҳӣҳар як қисм дар тест вазифаи детектории худро, ки дараҷаи азхудкунии боби маводи таълимиро нишон медиҳад, муайян мекунад.
Барои муайян намудани се дараҷаи азхудкунии фанни таълимӣ се дараҷаи масъалаҳо мувофиқ мебошад:
– Дараҷаи якум (формалӣ)
Ҷалби хонанда ба муҳтавои берунаи вазъияти масъалаҳо ва намунаҳои амали минбаъдаи онҳо, ки аз инҳо иборатанд:
а ) мансуб намудани масъала аз рӯи аломати беруна ба баъзе навъҳо;
б ) ба вуҷуд овардани намунаҳои монанд ё ин ки нақшаи стандартии амалиёт ( шакл, қоида ва гайра).
– Дараҷаи дуюм ( рефлексӣ)
Зоҳир намудани муносибати қатъӣ ба вазъияти масъалаҳо, ки амали имконпазирро муайян менамояд, инҳоянд:
а) таҳлили дақиқкоронаи шартҳо ва муносибати қатъӣ зоҳир намудан ба ҷузъиётҳои вазъияти масъалаҳо тибқи таркиби муайяни мантиқу фанӣ;
б) дар ин
асос кор карда баромадани нақшаи амалиёт, яъне ҳали масъалаҳое, ки ба нақшаи муайяншуда ифода меёбад. Ин тагйир додани алоқамандии фаннии вазъияти масъалаҳо ва тариқи дигар воситаҳо ҷалб намуданро дар назар дорад.
Дараҷаи сеюм (функсионалӣ)
Диққати ҷиддии фикрронӣ зоҳир намудан, имкониятҳои амалиёт дар ҳудуди муайян
а) аз нав дида баромадани намудҳои амалиёт дар ҳудуди муайян
б) санҷиши ҳфикрии ин вариантҳо дар атрофии масъалаҳои ҳалшаванда , ки ҷузъиёти ҳамаи масъалаҳоро фарзия ё тахмин карда метавонад.